АЙЕМИ ҲОЪ (#14627)

*Айеми Ҳоъ-рӯзҳои иловашуда дар тақвими баҳоӣ, ки мобайни моҳҳои Мулк ва Аъло ҷой гирифтаанд, мутобиқ бо 26 феврал то 1 март, ки рӯзҳои омодашавӣ барои даромадан ба моҳи Рӯзаанд, ва бояд ба меҳмоннавозӣ кардан ва ҳадя додан, ба бахшишу хайрот ва ситоишу зикри Илоҳӣ бахшида шаванд.

Эй Худои ман ва Оташи ман ва Равшании ман! Рӯзҳое, ки Эй Дорандаи Номҳо, дар Китоби Худ Айёми Ҳоъ номидаӣ даромаданд ва рӯзҳои рӯзае, ки аз Қалами Аълои Худ дастур додаӣ, то риоят шаванд, ба ононе, ки дар Подшоҳии Осмонии офаринишанд, наздик шудаанд.
 Эй Парвардигори ман! Суол мекунам Туро, ба он рӯзҳо ва ба онҳое, ки дар он ба ресмони амрҳои Ту ва дастаи аҳкоми Ту чанг задаанд, то барои ҳар яке қароргоҳе дар паноҳи Худ ва мақоме дар пешгоҳи зуҳури нури Рӯи Худ бисозӣ. Эй Парвардигори ман! Онҳо бандагоне ҳастанд, ки ҳаво ононро аз он чӣ дар Китоби Ту нозил шудааст, манъ нанамуд.
Дар назди Амри Ту сар фуруд овардаанд ва Китоби Туро ба қуввае, ки аз сӯи Туст ба даст гирифтаанд, ва он чиро, ки аз назди Ту дастур дода шудааст, риоят мекунанд, ва он чиро, ки аз сӯи Ту барои онҳо нозил шудааст, мепазиранд.
Эй Парвардигори ман! Мебинӣ он чиро ки дар алвоҳи Ту нозил шудааст, онҳо иқрор шудаанд ва эътироф намудаанд. Эй Парвардигори ман! Аз дасти бахшиши Худ ба онҳо оби зиндагонии поянда бинӯшон. Сипас, барои онҳо музди онеро муайян намо, ки дар баҳри дидори Ту ғарқ шуд ва ба маи сурхи ноби Ту даст ёфт.
Суол мекунам Туро, Эй Подшаҳи подшаҳон ва Меҳрабони зердастон! То барои онҳо хайри дунё ва охиратро муқаддар намоӣ. Сипас барои онҳо он чиро муқаррар намо, ки касе аз халқи Ту онро нашинохт, сипас онҳоро аз ононе бигардон, ки дар гирди Ту тавоф намуданд, ва дар ҳар як оламе аз оламҳои Ту, дар гирди Тахти Ту тавоф менамоянд.
 Ба ростӣ, Туӣ Тавоно ва Доно ва Огоҳ.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

АЙЕМИ ҲОЪ (#15674)

*Айеми Ҳоъ-рузҳои иловашуда дар тақвими баҳоӣ, ки мобайни моҳҳои Мулк ва Аъло ҷой гирифтаанд, мутобиқ бо 26 феврал то 1 март, ки рузҳои омодашавӣ барои даромадан ба моҳи Рузаанд, ва бояд ба меҳмоннавозӣ кардан ва ҳадя додан, ба бахшишу хайрот ва ситоишу зикри Илоҳӣ бахшида шаванд.
  Эй Худои ман ва Оташи ман ва Равшании ман! Рузҳое, ки Эй Дорандаи Номҳо, дар Китоби Худ Айёми Ҳоъ номидаӣ даромаданд ва рузҳои рузае, ки аз Қалами Аълои Худ дастур додаӣ, то риоят шаванд, ба ононе, ки дар Подшоҳии Осмонии офаринишанд, наздик шудаанд. Эй Парвардигори ман! Суол мекунам Туро, ба он рузҳо ва ба онҳое, ки дар он ба ресмони амрҳои Ту ва дастаи аҳкоми Ту чанг задаанд, то барои ҳар яке қароргоҳе дар паноҳи Худ ва мақоме дар пешгоҳи зуҳури нури Руйи Худ бисозӣ.	Эй Парвардигори ман! Онҳо бандагоне ҳастанд, ки ҳаво ононро аз он чӣ дар Китоби Ту нозил шудааст, манъ нанамуд. Дар	назди Амри Ту сар фуруд овардаанд ва Китоби Туро ба қуввае, ки аз суйи Туст ба даст гирифтаанд, ва он чиро, ки аз назди Ту дастур дода шудааст, риоят мекунанд, ва он чиро, ки аз суйи Ту барои онҳо нозил шудааст, Эй Парвардигори ман! Мебинӣ он чиро ки дар алвоҳи Ту нозил шудааст, онҳо иқрор шудаанд ва эътироф намудаанд. Эй Парвардигори ман! Аз дасти бахшиши Худ ба онҳо оби зиндагонии поянда бинушон. Сипас, музди онеро муайян намо, ки дар баҳри дидори Ту ғарқ шуд ва ба майи сурхи ноби Ту даст ёфт. Суол мекунам Туро, Эй Подшаҳи подшаҳон ва Меҳрабони зердастон! То барои онҳо хайри дунё ва охиратро муқаддар намоӣ. Сипас барои онҳо он чиро муқаррар намо, ки касе аз халқи Ту онро нашинохт, сипас онҳоро аз ононе бигардон, ки дар гирди Ту тавоф намуданд, ва дар ҳар як оламе аз оламҳои Ту, дар гирди Тахти Ту тавоф менамоянд. Ба ростӣ, Туӣ Тавоно ва Доно ва Огоҳ.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

